Имрӯз дар шаҳри Ҳисор марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ҳисор марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз мешавад. Барои ба даст овардани Ҷоми ФФТ дар ин марҳила 8 даста дар ду гурӯҳ талош мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар гурӯҳи «А» КМВА (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор), дар гурӯҳи «Б» дастаҳои «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Душанбе» (Душанбе) рақобат менамоянд.
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила неру месанҷанд. Ду даста аз ҳар гурӯҳ ба даври ½-ниҳоӣ роҳ меёбанд. Баъдан ғолибони даври нимниҳоӣ дар финал ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм муборизаро идома медиҳанд.
Фонди ҷоизавии Ҷоми ФФТ-2023 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023
Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»: КМВА, «Истаравшан», «Равшан», «Ҳосилот».
Гурӯҳи «Б»: «Парвоз», «Регар-ТадАЗ», «Панҷшер», «Душанбе».
Даври 1
Гурӯҳи «А»
14 феврал (сешанбе)
11:00 – КМВА – «Ҳосилот»
14:30 – «Истаравшан» – «Равшан»
Гурӯҳи «Б»
15 феврал (чоршанбе)
11:00 – «Парвоз» – «Душанбе»
14:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»
Даври 2
Гурӯҳи «А»
16 феврал (панҷшанбе)
11:00 – «Ҳосилот» – «Равшан»
14:30 – КМВА – «Истаравшан»
Гурӯҳи «Б»
17 феврал (ҷумъа)
11:00 – «Душанбе» – «Панҷшер»
14:30 – «Парвоз» – «Регар-ТадАЗ»
Даври 3
Гурӯҳи «А»
18 феврал (шанбе)
11:00 – «Истаравшан» – «Ҳосилот»
14:30 – «Равшан» – КМВА
Гурӯҳи «Б»
19 феврал (якшанбе)
11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе»
14:30 – «Панҷшер – «Парвоз»
22 феврал (чоршанбе)
11:00 – Бозии якуми ниманиҳоӣ
14:30 – Бозии дуюми ниманиҳоӣ
25 феврал (шанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
15:00 – Финал
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






