Имрӯз Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 15, 2023 07:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 феврал Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 08:00 дар Палатаи ҳисоб баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон соати 09:00 дар Бонки миллӣ (Рӯдакӣ 23/2, рӯ ба рӯи Театри давлатии  академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) доир карда мешавад.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 09:30 дар кумитаи мазкур барпо менамояд.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Хадамоти гумрук доир менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар вазорат баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир карда мешаванд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 15, 2023 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад