Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд

Февраль 2, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 феврал Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» (кӯчаи Шоҳтемур, 54) доир карда мешавад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 нишасти матбуотиро дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (кӯчаи Бохтар, 10) баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 дар ин марказ доир карда мешавад.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар ин Кумита (кӯчаи Теҳрон, 21) доир менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 2, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад