Имрӯз Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол, Агентии омор ва Агентии содирот нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 феврал Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:30 дар Агентии омор баргузор карда мешавад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 10:00 дар вазорати мазкур барпо менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 дар Агентии содирот доир карда мешавад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар кумитаи мазкур баргузор менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






