IRS: Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ баста аст
ДУШАНБЕ, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ баста буда, кормандони Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуда истодаанд, ки ҳарчи зудтар онро кушоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, тозакунии роҳ ва бартарафсозии тармаҳо ба таври шабонарӯзӣ идома дорад. Ширкати мазкур аз тамоми сокинони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки то нашри хабари кушодашавии роҳ ба сафар набароянд.
Тавре қаблан хабар дода будем, бинобар борони беист ва бо сабаби гармшавии ҳаво афзудани тармафароӣ зарурати бо фосилаи нисбатан кам қатъ намудани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе — Чаноқ ба миён омада буд.
АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






