Каналҳои Венетсия хушк мешаванд. Ба Италия хушксолии нав таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Зимистони хушки Италия нигарониҳоро ба бор меорад, ки кишвар метавонад дубора ба хушксолӣ дучор гардад, зеро тибқи маълумоти олимон ва гурӯҳҳои экологӣ, дар кӯҳҳои Алп бориш аз меъёр камтар шудааст. Соли гузашта мамлакат бадтарин хушксолиро дар 70 соли охир аз сар гузаронид, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба the Guardian.
Дар шаҳри Венетсия, ки дар он ҷо обхезӣ маъмулан мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад, ба камшавии ғайриодии об дучор гаштаанд, ки боиси хушк шудани баъзе каналҳо шудааст. Саёҳат бо қаиқҳо (гондолҳо) ва нақлиёти обӣ душвор гардидааст.
Сабабҳои асосии пайдо шудани хушкӣ кам будани борон, фишори баланди атмосферӣ, равандҳои пуррагии моҳ ва баҳр мебошанд.
Моҳи июли соли гузашта Италия ба хушксолии шадид дар 70 соли охир дучор гардида, дар минтақаҳои атрофи дарёи По, ки истеҳсоли тақрибан сеяки маҳсулоти кишоварзии давлат ба онҳо рост меояд, вазъияти фавқулода эълон кард.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Manuel Silvestri / Reuters








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






