Комиссияи Олии аттестатсионӣ: баъзе аз довталабон ҳатто нисбат ба диссертатсияашон дониши казоӣ надоранд

Февраль 10, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз тамоюлҳои хатарзо, ки Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад, ин савияи пасти илмомӯзӣ ва ҳатто доир ба диссертатсияашон дониши казоӣ надоштани баъзе аз довталабон мебошад. Дар ин хусус Раиси Комиссияи Олии аттестатсионӣ Абдулҳаким Розиқзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ба гуфтаи мавсуф, ҳангоми аз рӯйи зарурат ба шӯроҳои экспертӣ даъват шудани довталабон ҳолатҳое ошкор мегарданд, ки диссертатсияҳо аз тарафи довталабон таълиф нашудаанд. Ва чунин тамоюл низ ба мушоҳида мерасад, ки мавзӯъҳои таҳқиқоти илмӣ чандон мубрам набуда, аз забони русӣ тарҷума ё аз хати форсӣ баргардон шудаанд.

Таъкид гардид, ки тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо, ҳарчанд ҳамасола теъдоди кормандони дорандаи дараҷаю унвонҳои илмӣ зиёд мегардад, вале таҳқиқоти илмӣ ҳанӯз ба таври шоиста ба пешрафти иқтисодиёту сатҳи зиндагии мардум таъсири назаррас надоранд, ки ин ҳолат Комиссияро нигарон кардааст.

Абдулҳаким Розиқзода аз он изҳори таассуф намуд, ки имрӯзҳо дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла энергетика, геология, минералогия, нафту газ, нанотехнология, биотехнология, психология, сотсиология ва боз чандин ихтисосҳои дигар кормандони тахассуси олӣ намерасанд. «Мутаассифона, имрӯз ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ҳамоҳангии муассири илмӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва маткабҳои олӣ ба таври зарурӣ ба мушоҳида намерасад»,-афзуд ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи кормандони илмӣ ва илмию тахассусии олӣ ба 5294 нафар мерасад. Ин шумора ба ҳар сари аҳолии мамлакат 0,6 фисад рост меояд, ки ба таври назаррас кам мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст