Кумитаи забон ва истилоҳот: Ба соҳибкорон пеш аз қайди расмӣ хулосаи забоншиносӣ пешниҳод мегардад

Февраль 9, 2023 15:39

ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони тоҷик пеш аз бақайдгирии расмии фаъолияти тиҷоратӣ, яъне номгузории марказу мағозаҳои савдои худ хулосаи забоншиносӣ пешниҳод менамояд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Ин тасмим ба хотири аз байн бурдани ғалатнависӣ дар мағозаву дӯконҳои ҳудуди ҷумҳурӣ гирифта шуда, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад»,-иброз дошт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Гуфта шуд, ки Кумита соли 2022 дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намуд, ки дар маҷмӯъ 394 мавод мебошад.

«Ҳамзамон Кумита барои бартараф кардани навиштаҷоти ғалати шиору овезаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, барои ислоҳи вазъ санад ба имзо расонида, тавсияҳо медиҳад. Ин гуна назорат дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷро мегардад. Зеро тибқи Қонуни мазкур назорат ва ба танзим даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонуни мазкур ба зиммаи Кумитаи забон ва истилоҳот гузошта шудааст. Аз ин рӯ ҳамаи мо вазифадорем, ки муқаррароти қонунро пурра иҷро кунем ва ба забони давлатӣ эҳтиром гузорем»,- афзуд Раиси Кумита.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2022 Кумита ба 148 адад санади меъёрии ҳуқуқӣ ва 16 маводи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид