Мансур Мухтар: «Бонки исломии рушд раванди маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон идома медиҳад»

Февраль 6, 2023 19:36

ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақсади сафари ҳайати Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон шиносоӣ бо татбиқи лоиҳаҳои дуҷонаба ва пешравиҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалисозии онҳо ноил гардидааст, мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни брифинг пас аз мулоқот бо Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар иброз дошт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Бино ба гуфтаи ӯ, тайи давраи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Бонки исломии рушд барои татбиқи 92 лоиҳаи ба миқдори зиёда аз 620 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон амалӣ карда шудаанд.

«Соли равон Бонки исломии рушд барои татбиқи 4 лоиҳа 250 миллион доллари амрикоӣ пешнибӣ намудааст, ки он, пеш аз ҳама, барои амалишавии лоиҳаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла НБО «Роғун» равона мегарданд», — таъкид намуд Мансур Мухтар.

Тазаккур дода шуд, ки дар мулоқот ҷониби Тоҷикистон оид ба муҳимияти НБО «Роғун» ва нақши стратегии он барои Тоҷикистон ва минтақа маълумоти муфассал дод. Бори дигар Бонки исломии рушд омодагии худро барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон иброз кард.

«Дар ин ҷода Бонки исломии рушд ҷиҳати ҷалби сармоя ба тарҳи НБО «Роғон» аз дигар ниҳодҳои ва ташкилотҳои молиявӣ корро ҷоннок хоҳад кард», — гуфт Мансур Мухтар.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикӣ байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз буҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон муҳокима гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2023 19:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд