Мансур Мухтар: «Бонки исломии рушд раванди маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон идома медиҳад»
ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақсади сафари ҳайати Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон шиносоӣ бо татбиқи лоиҳаҳои дуҷонаба ва пешравиҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалисозии онҳо ноил гардидааст, мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни брифинг пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтар иброз дошт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Бино ба гуфтаи ӯ, тайи давраи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Бонки исломии рушд барои татбиқи 92 лоиҳаи ба миқдори зиёда аз 620 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон амалӣ карда шудаанд.
«Соли равон Бонки исломии рушд барои татбиқи 4 лоиҳа 250 миллион доллари амрикоӣ пешнибӣ намудааст, ки он, пеш аз ҳама, барои амалишавии лоиҳаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла НБО «Роғун» равона мегарданд», — таъкид намуд Мансур Мухтар.
Тазаккур дода шуд, ки дар мулоқот ҷониби Тоҷикистон оид ба муҳимияти НБО «Роғун» ва нақши стратегии он барои Тоҷикистон ва минтақа маълумоти муфассал дод. Бори дигар Бонки исломии рушд омодагии худро барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон иброз кард.
«Дар ин ҷода Бонки исломии рушд ҷиҳати ҷалби сармоя ба тарҳи НБО «Роғон» аз дигар ниҳодҳои ва ташкилотҳои молиявӣ корро ҷоннок хоҳад кард», — гуфт Мансур Мухтар.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикӣ байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз буҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






