Маркази миллии тестӣ барои кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз намуд

Февраль 8, 2023 14:54

ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 6 феврал Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз намуд. Мақсад аз ин машғулият- омода кардани кормандони муваққатӣ дар нуқтаҳои бақайдгирист, ки ҳамчун роҳбар, ёвари роҳбар, бақайдгирандагон дар ин нуқтаҳо кор мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти кормандони мазкур вобаста аст.

Мувофиқи нақша, барои ИМД-2023 дар 44 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи бақайдгирии доимамалкунанда бо теъдоди 152 истгоҳи корӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд.

Тибқи эълон, аз тариқи электронӣ 513 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ) пешниҳод намуданд. Аз ин шумора мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда 420 нафар шахси аризадода ба машғулияти омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Барои ташкилу баргузории машғулияти омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент ва Рашт аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи барнома, машғулияти омӯзишӣ барои 15 гурӯҳ дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда то 18 феврал давом меёбад.

Дар асоси озмун шахсони дорои донишу маҳорати арзанда барои фаъолият дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд, ки шумораашон 220 нафарро ташкил медиҳад.

Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон аз 1 март то 30 апрели соли 2023 давом меёбад.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 8, 2023 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд