Масъалаи ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Доғистон баррасӣ мегардад

Февраль 23, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи вазъи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқҳо ва ба Ватан баргардонидани онҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон муроҷиат намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре аз мактуби ҷавобии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон Ҷамол Алиев бармеояд, айни замон 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои вайрон намудани қойидаҳои буду бош дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии ВКД дар Ҷумҳурии Доғистон қарор дошта, шароити нигоҳдории онҳо хуб аст.

Айни ҳол масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ва ба Ватан баргардонидани онҳо баррасӣ гардида истодааст.

Ҷамол Алиев иброз доштааст, ки раванди мазкур зери назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон қарор дорад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони дигар кишварҳо ҳамкории судмандро идома медиҳад.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд