Масъулини соҳаи тандурустӣ бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар Файзобод ва Восеъ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти шуъбаҳои таваллуди беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Файзобод ва Восеъ ва вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар онҳо шинос шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, масъулини вазорат барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ба кормандони шуъбаҳои таваллуди беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Файзобод ва Восеъ тавсия ва маслиҳатҳои муфид доданд.
Бояд тазаккур дод, ки хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Барои паст намудани беморшавӣ, фавти кӯдакон ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи ҳифзи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки соҳа боқӣ мемонанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






