НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 196 нафар хизматчиёни давлатӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ дониста шуданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ, аз 2592 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фарогирифта 2396 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шудаанд. Комиссияи мазкур 196 нафари дигарро ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ намудааст. Дар ин хусус Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон дар нишаст тазаккур дода шуд, ки аз натиҷаи мониторинги ҳолати ҷойивазкунӣ дар соли 2022 (аввали соли 2023 ҷамъбаст гардид) муайян карда шуд, ки соли 2022 34 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ба ротатсия фаро гирифта шуданд.
Аз маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати якуми январи соли 2023 дар мақомоти давлатӣ, ба истиснои ишғолкунандагони мансабҳои сиёсӣ 169 нафар хизматчиёни давлатии ба ротатсия фарогирифташаванда фаъолият доранд. Аз он 89 нафар ба мақомоти марказӣ (бо сохторҳои маҳаллӣ) ва 78 нафар ба мақомоти маҳаллӣ рост меояд.
Аз ин ҳайат 157 нафар (83 нафар дар мақомоти марказӣ, 74 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) зиёда аз 5 сол ва 12 нафар (9 нафар дар мақомоти марказӣ, 3 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) бештар аз 10 сол фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, аз таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳо оид ба ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатӣ давоми солҳои 2014-2022 бармеояд, ки теъдоди кадрҳои ротатсияшаванда аз 489 нафар (соли 2014) ба 169 нафар (соли 2022) расида, раванди мазкур тамоюли пастравӣ дорад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд






