НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 196 нафар хизматчиёни давлатӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ дониста шуданд

Февраль 13, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ, аз 2592 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фарогирифта 2396 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шудаанд. Комиссияи мазкур 196 нафари дигарро  ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ намудааст. Дар ин хусус Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон дар нишаст тазаккур дода шуд, ки аз натиҷаи мониторинги ҳолати ҷойивазкунӣ дар соли 2022 (аввали соли 2023 ҷамъбаст гардид) муайян карда шуд, ки соли 2022 34 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ба ротатсия фаро гирифта шуданд.

Аз маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати якуми январи соли 2023 дар мақомоти давлатӣ, ба истиснои ишғолкунандагони мансабҳои сиёсӣ 169 нафар хизматчиёни давлатии ба ротатсия фарогирифташаванда фаъолият доранд. Аз он 89 нафар ба мақомоти марказӣ (бо сохторҳои маҳаллӣ) ва 78 нафар ба мақомоти маҳаллӣ рост меояд.

Аз ин ҳайат 157 нафар (83 нафар дар мақомоти марказӣ, 74 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) зиёда аз 5 сол ва 12 нафар (9 нафар дар мақомоти марказӣ, 3 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) бештар аз 10 сол фаъолият доранд.

Дар маҷмӯъ, аз таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳо оид ба ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатӣ давоми солҳои 2014-2022 бармеояд, ки теъдоди кадрҳои ротатсияшаванда аз 489 нафар (соли 2014) ба 169 нафар (соли 2022)  расида, раванди мазкур тамоюли пастравӣ дорад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 241 Ассосиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамоянд
СЕ МЕДАЛИ ТИЛЛО. Занони тоҷик дар 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE -2024» ба ин дастовард ноил гардиданд
Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронад
Имсол дар 36065 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Агентии хизмати давлатӣ: «Қисми зиёди камбудиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бартараф гардиданд»
Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад