НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 42 нафар омӯзгорони ноҳияи Шаҳринав бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
ШАҲРИНАВ, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии омӯзгорони ҷавон дар ноҳияи Шаҳринав 42 нафар муаллимон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Дар нишаст иброз гардид, ки 62 нафар омӯзгорон аз бонкҳои давлатӣ қарзҳои имтиёзнок гирифтанд ва 42 нафар омӯзгори ҷавон, ки нав ба кор омадаанд, бо 10 фоиз маоши иловагӣ таъмин карда шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар ноҳияи Шаҳринав бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқшуда, 164 иншоот бунёд мегардад. Аз ин шумора 7 иншоот дар соҳаи саноат, 18 адад дар соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ, 3 бинои баландошёна, марказҳои хизматрасонию дигар иншооти муҳим сохта мешаванд. Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия соли 2022 25 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
«Рушди соҳаи парандапарварӣ дар ноҳияи Шаҳринав хуб ба роҳ монда шуда, корхонаи ҶСП «Парандапарвари Шаҳринав» ба соҳибкорон иҷора дода шудааст. Соҳибкорон соли гузашта дар ин корхона 34 миллиону 299 ҳазору 700 дона тухм истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2021 146 ҳазору 400 дона тухм зиёд аст»,-гуфта шуд дар нишаст.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






