НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 42 нафар омӯзгорони ноҳияи Шаҳринав бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд

Февраль 11, 2023 16:06

ШАҲРИНАВ, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии омӯзгорони ҷавон дар ноҳияи Шаҳринав 42 нафар муаллимон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд. Ин матлабро  Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Дар нишаст иброз гардид, ки  62 нафар омӯзгорон аз бонкҳои давлатӣ қарзҳои имтиёзнок гирифтанд  ва 42 нафар омӯзгори ҷавон, ки нав ба кор омадаанд, бо 10 фоиз маоши иловагӣ таъмин карда шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки дар ноҳияи Шаҳринав  бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи тасдиқшуда,  164 иншоот бунёд мегардад. Аз ин шумора 7 иншоот дар соҳаи саноат, 18 адад дар соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ, 3 бинои баландошёна, марказҳои хизматрасонию дигар иншооти муҳим сохта мешаванд. Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия соли 2022 25 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

«Рушди соҳаи парандапарварӣ дар ноҳияи Шаҳринав хуб ба роҳ монда шуда, корхонаи  ҶСП «Парандапарвари Шаҳринав» ба соҳибкорон  иҷора дода шудааст. Соҳибкорон соли гузашта дар ин корхона  34 миллиону 299 ҳазору 700 дона тухм истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2021 146 ҳазору 400 дона тухм зиёд аст»,-гуфта шуд дар нишаст.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2023 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
«ИЛМ — АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИЯ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи XI байналмилалии илмӣ доир шуд
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун доир шуд
Дар Хатлон доир ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ғизо вохӯрӣ баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ идома доранд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид