НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ тайи ду соли охир ба андозаи 0,9 фоиз коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ тайи ду соли охир ба андозаи 0,9 фоиз коҳиш ёфта, соли 2022 аз рӯи маълумоти пешакӣ ба 22,5 фоиз баробар шудааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода баён дошт.
Гуфта шуд, ки дар доираи роҳандозии тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат сатҳи камбизоатӣ сол ба сол коҳиш ёфта истодааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабр соли 2022 чунин таъкид гардидааст: «Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт».
Дар нишаст гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 декабри соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1730,12 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204,70 сомонӣ (13,4 фоиз) ва нисбат ба аввали соли 2022, 189,31 сомонӣ (12,9 фоиз) зиёд шуд.
«Мусоидат ба пардохти саривақтии музди меҳнат, пардохт барои вақти иловагии корӣ, кор дар рӯзҳои ид ва таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ вазифаҳои асосии мақоми ваколатдори соҳа маҳсуб мешаванд»,- гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин иброз гардид, ки ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ дар соли ҳисоботии 2022 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлкат дар ҳамкорӣ бо олимону ходимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид.
Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 барои танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ба 300 оила қитъаи замин ҷудо гардида, ба маблағи 1,5 млн сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Инчунин барои 213 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва қарзи имтиёзнок ба маблағи 639 ҳазор сомонӣ, кумаки якдафъаина ба маблағи 83,2 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






