НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ тайи ду соли охир ба андозаи 0,9 фоиз коҳиш ёфт

Февраль 13, 2023 16:07

ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ тайи ду соли охир ба андозаи 0,9 фоиз коҳиш ёфта,  соли 2022 аз рӯи маълумоти пешакӣ ба 22,5 фоиз баробар шудааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода баён  дошт.

Гуфта шуд, ки дар доираи роҳандозии тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат сатҳи камбизоатӣ сол ба сол коҳиш ёфта истодааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  23 декабр соли 2022 чунин таъкид гардидааст: «Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт».

Дар нишаст гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 декабри соли 2022 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1730,12 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204,70 сомонӣ (13,4 фоиз) ва нисбат ба аввали соли 2022, 189,31 сомонӣ (12,9 фоиз) зиёд шуд.

«Мусоидат ба пардохти саривақтии музди меҳнат, пардохт барои вақти иловагии корӣ, кор дар рӯзҳои ид ва таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ вазифаҳои асосии мақоми ваколатдори соҳа маҳсуб мешаванд»,- гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин иброз гардид, ки ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ дар соли ҳисоботии 2022 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлкат дар ҳамкорӣ бо олимону ходимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 барои  танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ба 300 оила қитъаи замин ҷудо гардида, ба маблағи 1,5 млн сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Инчунин барои 213 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва қарзи имтиёзнок ба маблағи 639 ҳазор сомонӣ, кумаки якдафъаина ба маблағи 83,2 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2023 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронад
Имсол дар 36065 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Агентии хизмати давлатӣ: «Қисми зиёди камбудиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бартараф гардиданд»
Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар конфронси байналмилалӣ матраҳ гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони Исфара ба ҷамъоварии гандум оғоз карданд