НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 50 маркази тадқиқотии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида бо 6 маркази илмӣ-тадқиқотии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ монд, ки дар маҷмӯъ шумораи онҳо ба 50 адад расид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки соли равон Маркази тадқиқоти стратегии мамлакат бо марказҳои тадқиқотии Туркманистон, Эрон, Узбекистон, Беларус, Арабистони Саудӣ ва Малайзия шарномаҳои Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.
Маркази тадқиқоти стратегӣ аъзои Маркази таҳлилии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Форуми Созмони ҳамкории Шанхай, Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод ва яке аз муассисони Академияи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Бишкек мебошад.
Соли сипаригардида таҳлилгарон дар 28 конфронсу форумҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Тазаккур дода шуд, ки рӯзҳои наздик ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум бо маркази тадқиқотии Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар аст. Яке аз бандҳои тафоҳум табодули коршиносон байни ду Марказ мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






