НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон ба 43 миллиард сомонӣ расид

Февраль 16, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бе назардошти соҳаи энергетика соли гузашта ба зиёда аз 120 фоиз расид. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон дар ин давра 43 миллиард сомониро ташкил дод, ки рушди он ба 115,4 фоиз баробар ва нисбат ба соли 2021 5,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Чунин иброз гардид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти расмии Агентии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ (ММС) давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар миқёси Иттиҳод чунин аст (нигаред ба расм).

Соли сипаригардида аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 61,4 фоиз ба саноати коркард, беш аз 20 фоиз ба саноати истихроҷ, 17,8 фоиз ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, 0,4 фоиз ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа рост меояд.

Гуфта шуд, ки соли гузашта дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии хукумати ҷумҳурӣ — саноатикунонии мамлакат дар ҷумҳурӣ 505 корхонаю коргоҳи нав таъсис дода шуданд, ки аз он 160 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 121 корхона ба саноати сабук, 116 корхона ба соҳаи саноати сохтмон, 99 корхона ба соҳаи саноати мошинсозӣ ва 9 корхона ба дигар соҳаҳо марбут мебошанд. Аз ҳисоби корхонаю коргоҳҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 5 фоизро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки дар ин давра сармоягузорӣ аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ беш аз 5,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки беш аз 4,9 миллиард сомонӣ ба саноати истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об, 341 миллион сомонӣ ба саноати коркард ва 377
миллион сомонӣ ба саноати истихроҷ нигаронида шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Февраль 16, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баргузор шуд