НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2022 аз ҷониби Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 568 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ карда шуд

Февраль 7, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 07.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз ҷониби Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 568 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардидааст. Дар ин хусус Раиси Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода имрӯз дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки  натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти баамалбарории адолати судӣ собит месозад, ки аз ҷониби марҳилаҳои якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маҷмӯъ 3568 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд. Ӯ изҳор намуд, ки аз ин миқдор парвандаҳо бештарашон ба масъалаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷудо кардани саҳмияҳои замин ва рӯёнидани маблағҳои соҳибкорӣ марбут мебошанд.

Гуфта шуд, ки аз рӯи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Созишномаи Кишинёв аз 7 октябри соли 2002 «Дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ» ба судҳои иқтисодӣ 49 супориши судӣ ворид гардида, иҷрои 28 супориши судӣ таъмин карда шуд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки 4 дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид ва баррасӣ карда шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст