ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: То 19 феврал дар Тоҷикистон борон ва барф пешгӯӣ мешавад

Февраль 15, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 19 феврал дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат дар назар аст. 20-21 феврал ҳавои тағирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

15-17 феврал бо сабаби ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавии анбӯҳи ҳавои намнок аз самти уқёнуси Атлантика ва баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ ва Каспий номусоидии вазъи ҳаво пешгӯӣ мешавад. Бинобар пайдарпай ворид шудани анбӯҳи ҳавои намнок ва гарм дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадани борон ва барф боқӣ хоҳад монд.

Инчунин дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон ва Хоруғ-Ишкошим фаромадани тарма дар назар аст.

Аз 15 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ба амал меояд. Ҳаво шабона 4 ва рӯзона то 12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон 16-19 феврал ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ба амал меояд. 16-18 феврал дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. 19 феврал ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 5 то 14 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 то 12 дараҷа гарм мешавад.

16-18 феврал дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. 19 феврал ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 5 то 10 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 2 то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16-19 феврал ҳавои аброк пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо аз 4 то 11 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1 дараҷа хунук шуда, рӯзона то 9 дараҷа гарм мешавад.

16-17 феврал дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона то 8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 15 дараҷа хунук шуда, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид