Пагоҳ Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Палатаи савдо ва саноат, МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 08:00 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм (кӯчаи Айнӣ, 126, бинои КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», ошёнаи 3) доир карда мешавад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 09:30 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфилм» барпо менамояд.
Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соати 11:00 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор карда мешавад.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 14:00 дар палатаи мазкур доир менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






