Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» (кӯчаи Шоҳтемур, 54) доир карда мешавад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 нишасти матбуотиро дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (кӯчаи Бохтар, 10) баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 дар ин марказ доир карда мешавад.
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 11:00 дар ин Кумита (кӯчаи Теҳрон, 21) доир менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






