Пагоҳ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Комиссияи Олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 дар кумитаи мазкур (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3 собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) доир карда мешавад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Кумитаи рушди сайёҳӣ (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3 собиқ бинои Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи ҶТ) баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар Комиссия Олии аттестатсионӣ (кӯчаи Шевченко, 39 назди Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ) барпо мешавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 13:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир менамояд.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар кумитаи мазкур (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3 собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






