Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Идораи аудитори генералӣ ва назорати Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Февраль 7, 2023 09:38

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар Иёлати Уттар-Прадеши Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳошияи вохӯрии 6-уми мақомоти аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода бо Раиси Идораи аудитори генералӣ ва назорати Ҳиндустон Гириш Чандра Мурму мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ.

Дар мулоқот оид ба ҳамкории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудитори генералӣ ва назорати Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 5 то 9 феврал дар Иёлати Уттар-Прадеши Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрии навбатии Шӯрои мақомоти олии аудити давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҷараён мегирад. Дар кори он ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2023 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд