Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон сафар намуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Маҳмадтоир Зокирзода дар форуми мазкур, ки 9-10 феврал дар шаҳри Туркистон таҳти мавзӯи «Дар хусуси таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд» баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ менамояд.
Дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ раисони парлумонҳои Қазоқистон, Тоҷикистон. Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд.
АКС аз бойгонӣ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






