Раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз шаҳри Ҳисор боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи давраҳои бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳайати бонуфузи ҳизбиёни мамлакат ба шаҳри Ҳисор рафта, аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агротехсервис» дидан намуда, дар коргоҳҳои корхона бо хатҳои технологии он шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Роҳбари корхона аз таърихи корхона, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус роҳандозӣ шуда, соли 2018 бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус муҳтарам Эмомалӣ ва Александр Лукашенко мавриди истифода қарор гирифт, ёдовар шуда, оид ба иқтидори он, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии давлатҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон маълумот дод.
Меҳмонон инчунин аз Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор боздид намуда, бо Қалъаи Ҳисор, Амфитеатр, Қасри ҳоким, мадрасаҳои наву кӯҳна ва дар осорхонаи он бо бозёфтҳои нодири таърихӣ шинос гардиданд.


Дар ҷамъомаде, ки дар боғи зимистонаи «Шаршара» доир гардид, роҳбарияти шаҳри Ҳисор таъкид намуд, ки баргузории давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ба густариши фаъолияти ҳизб, ташвиқу тарғиби дастовардҳои рӯзафзуни мамлакат, ба мардум расонидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат дар марҳилаи рушди навини ҷумҳурӣ, рӯйдодҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти сиёсии ҷаҳон ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки дар маркази шаҳри Ҳисор соли 2022 ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ санги асос гузошта шуд. Инчунин бо мақсади ҳамраъйӣ ба иқдоми шоистаи роҳбарияти ҳизб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои бо хоҷагии ёрирасон таъмин намудани Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тадбирҳои судманд меандешад. Бо ин мақсад то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 1,5 гектар замини кишоварзӣ ҷудо карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






