Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо шароити хизмат дар қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Душанбе шинос шуданд

Февраль 23, 2023 16:29

ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз дастовардҳои бузурги  даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта дар мулоқоти  роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад,  мулоқот ба ифтихори  30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Роҳбарияти донишгоҳ  бо  шароиту имконияти хизмат дар ин қисми низомӣ шинос гардида, ба пойгоҳи он ва шароити зисти сарбозон баҳои баланд доданд. Ҳайати сарбозону афсарони ин қисми низомӣ вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худро, ки ба ҳифзи марзу бум, амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум нигаронида шудаанд, сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Таъкид шуд, ки шароити фароҳамсохтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соҳаи мудофиавии мамлакат ҳар афсару сарбози ин ниҳоди қудратиро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ба Модар-Ватан хизмати содиқона анҷом диҳанд.

Дар анҷом кумакҳои моддии раёсати донишгоҳ ба сарбозону афсарон тақдим гардида, барои хизматчиёни ин қисми низомӣ дастархони идона ороста шуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Февраль 23, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд