РУШДИ БОСУБОТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ДОИРАИ ТАТБИҚИ БОСАМАРИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ. Мулоҳизаҳои муовини якуми Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 2, 2023 08:36

ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” асосан муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ нақши калидӣ доштанд, ки ин бесабаб нест. Зеро дар айни ҳол буҳрони сиёсию иқтисодӣ минтақа ва ҷаҳонро зери таъсири манфии худ қарор дода, ояндаи он пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Новобаста ба ин пайомадҳо ва таъсири буҳрони иқтисодии баамаломада таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии мамлакат таъмин шуда, дар маҷмӯъ соли 2022 барои давлату миллат соли бобарору таърихӣ буд. Чунин изҳори назар намудааст муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА дар мақолае, ки имрӯз ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шуд. 

Дар идома муаллиф мулоҳизаҳои худро чунин иброз дошт:

 — Дар заминаи мавҷуд будани имконият ва иқтидорҳои истифоданашуда рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Самаранок ва оқилона истифода бурдани ин захираҳо боиси он гардидааст, ки дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Тадбирҳои андешида имконият фароҳам оварданд, ки на танҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорем, балки аксари нишондиҳандаҳоро зиёд таъмин намоем. Ин тадбирҳои ҳукумат  аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чандин паҳлӯҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд, ки: «Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар доираи Паёми навбатӣ, балки дар ҳама вохӯрӣ ва суханрониҳояшон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид месозанд, ки вазифаи асосии иҷтимоии давлат баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Дар ин замина Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид, музди миёнаи меҳнат дар кишвар 1,5 баробар ва андозаи нафақа 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд».

Агар мо ба нишондиҳандаҳои омории солҳои соҳибистиқлолӣ қиёс намоем, фарқ аз замин то осмон аст. Тоҷикистон баъд аз солҳои 2000 ислоҳоти пурраи иқтисодиро пеш мебарад. Барои ҳар фарди равшанфикр возеҳ аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт беҳтар мешаванд. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату Ҳукумат — саноатикунонии босуръати мамлакат боз ҳам амиқтар мусоидат менамояд.

Таҳлилҳои масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас буданд ва нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи далелу рақамҳо бисёр хуб нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ- ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад.

Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ низ коҳиш ёбад.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, «дар соли 2022 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар мамлакат мусоидат намуд».

Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии мамлакат тадриҷан амалӣ гашта, бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба он, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта зарурати боз ҳам беҳтар фаъолият намудани соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба миён омадааст.

Бояд тазаккур дод, ки барои ноил шудан ба афзалияти муайяншуда на танҳо вусъат бахшидани суръати рушд, балки ба сифати рушд аҳаммияти махсус додан зарур аст.

Дар бораи саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоди миллӣ метавон далелҳои зиёд овард. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз тавре ҳамагон шоҳидем, ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ин ҳама сокинони ҷумҳурӣ, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саҳм гузоранд.

Ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар бар гирифта, боиси сол то сол беҳтар шудани некуаҳволии сокинони ҷумҳурӣ ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ мегардад.

Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА,
муовини якум, муовини ректор оид ба таълими
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2023 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст