РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар доираи амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки ҷаҳони имрӯза ва ҳаёти инсониятро бе рушди илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ва бо назардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯзаи рушду тараққиёти илми муосир ва ба хотири беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин рушди тафаккури техникии насли наврас дар Тоҷикистон солҳои 2020-2040 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуданд.
Дар доираи ин бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети химия 2 озмоишгоҳи таълимии муосир дар соҳаи химия ва технологияи моддаҳои химиявӣ кушода шуд. Онҳо аз маводу таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди намунаи оксидҳо, намунаи кислотаҳо, намунаи намакҳо, намунаи асосҳо ва анҷомҳои лабораторӣ, яхдон барои нигоҳдории моддаҳо, коллексияи минералҳо, микроскопҳои механикӣ ва электронӣ, намунаи металлҳо, масолеҳи пластикӣ, маҳсулоти нефтӣ, ҷинсҳои кӯҳӣ, пеашметр барои муайян намудани миқдори гидрогени таркиби маҳлулҳо, дастгоҳи дистилятор барои тақтири об, фотоколориметр барои муайян намудани консентратсияи моддаҳо, колбанагривател – дастгоҳ барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати маҳлулҳо, тарозуҳои техникӣ ва электронӣ барои муайян намудани вазни хоси моддаҳо, дастгоҳи электролизёр барои муайян намудани элктролитҳо, штативҳои металлӣ барои доштани колбаҳо ва пробиркаҳо, намунаи пластмассаҳо, намунаи маҳсулоти нафтӣ, намунаи маҳсулоти каучуки синтезӣ ва табиӣ (резинаҳо), таҷҳизот: газометр, мензуркаҳо, скалянкаҳо ва ғайра иборат мебошанд.
Таъкид гардид, ки озмоишгоҳ ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва омода намудани довталабон дар ин самт мусоидат менамояд.


Ҳамзамон меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯён, ки дар ду соли охир дар партави «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба даст овардаанд, дидан намуданд.
Сипас доир ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки устодону кормандони факултетҳои равияи табиию риёзӣ ҳамоиши илмӣ-оммавӣ баргузор карда шуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон










Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд






