РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд

Февраль 8, 2023 15:34

ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар доираи  амалишавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷаҳони имрӯза ва ҳаёти инсониятро бе рушди илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ва бо назардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯзаи рушду тараққиёти илми муосир ва ба хотири беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин рушди тафаккури техникии насли наврас дар Тоҷикистон солҳои 2020-2040 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуданд.

Дар доираи ин бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети химия 2 озмоишгоҳи таълимии муосир дар соҳаи химия ва технологияи моддаҳои химиявӣ кушода шуд. Онҳо аз маводу таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди намунаи оксидҳо, намунаи кислотаҳо, намунаи намакҳо, намунаи асосҳо ва анҷомҳои лабораторӣ, яхдон барои нигоҳдории моддаҳо, коллексияи минералҳо, микроскопҳои механикӣ ва электронӣ, намунаи металлҳо, масолеҳи пластикӣ, маҳсулоти нефтӣ, ҷинсҳои кӯҳӣ, пеашметр барои муайян намудани миқдори гидрогени таркиби маҳлулҳо, дастгоҳи дистилятор барои тақтири об, фотоколориметр барои муайян намудани консентратсияи моддаҳо, колбанагривател – дастгоҳ барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати маҳлулҳо, тарозуҳои техникӣ ва электронӣ барои муайян намудани вазни хоси моддаҳо, дастгоҳи электролизёр барои муайян намудани элктролитҳо, штативҳои металлӣ барои доштани колбаҳо ва пробиркаҳо, намунаи пластмассаҳо, намунаи маҳсулоти нафтӣ, намунаи маҳсулоти каучуки синтезӣ ва табиӣ (резинаҳо), таҷҳизот: газометр, мензуркаҳо, скалянкаҳо ва ғайра иборат мебошанд.

Таъкид гардид, ки озмоишгоҳ ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва омода намудани довталабон дар ин самт мусоидат менамояд.


Ҳамзамон меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯён, ки дар ду соли охир дар партави «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба даст овардаанд, дидан намуданд.

Сипас доир ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  баргузории  Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ифтитоҳи озмоишгоҳи мазкур дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки устодону кормандони факултетҳои равияи табиию риёзӣ ҳамоиши илмӣ-оммавӣ баргузор карда шуд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Февраль 8, 2023 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?