Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз номи мардуми тоҷик ба мардуми Туркия изҳори таслият кард
ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар робита ба заминларзае, ки субҳи 6 феврал дар қисми шимолу шарқии Туркия ба вуқуъ пайваста, боиси талафоти зиёди ҷонию молӣ гашт, ҳамдардиву таслияти мардуми тоҷикро расонид.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати муваффақонаву некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодисаи табиӣ ҷиҳати расонидани кумак ва сафарбар намудани гурӯҳи наҷотдиҳандагон омода буда, минбаъд низ дар ин самт чорраҳои мушаххас меандешад.
Тавре қаблан хабар дода будем, ба ҳолати субҳи 9 феврал, теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар ҷанубу шарқи Туркия ба 12 391 нафар ва шумораи зарардидагон ба 62 914 нафар расид.
Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар музофоти Каҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия заминларза бо шиддати 7,7 балл рух дод. Таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо дар 10 музофоти ин давлат, инчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос карда шуданд.
АСК аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






