Соҳибкорони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия вохӯриҳои дуҷониба доир менамоянд

Февраль 27, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар вохӯриҳои дуҷониба намояндагони  беш аз 100 ширкати  калон ва хурду миёнаи Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуногун, саноат, энергетика, кишоварзӣ, туризм, нақлиёт ва логистика, фармасевтика, кимиё, сохтмон, хизматрасонӣ, истеҳсоли маъдан, IT-технология ва ғайра иштирок менамоянд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин мулоқот намояндагони  беш аз 100 ширкати калону хурд иштирок менамояд.

Ба иттилои манбаъ, ин гуна вохӯриҳо дар байни минтақаҳо давра ба давра баргузор карда мешаванд.

Вохӯриҳои дуҷонибаи дар шакли рӯ ба рӯ  дар доираи конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия баргузор мегарданд. Зимни он гузаронидани 8 ҷаласаи панелӣ ва ҷаласаҳои пленарӣ дар назар аст.

Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иштироки соҳибкоронро дар ин ҳамоиш, ки ба рушди фаъолияти онҳо, аз ҷумла ҷалби сармоя, дарёфти шарикон ва баромадан ба бозорҳои нави Русия равона гардидааст, муҳим арзёбӣ менамояд.

АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ

Февраль 27, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд