Сокинони 40 деҳаи ноҳияи Восеъ бо оби тозаи нўшокӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» 40 деҳа бо 11270 хонаи истиқоматӣ ва фарогирии 103322 нафар бо оби тоза ва безараргардонидашудаи ошомиданӣ таъмин мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» бо сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, татбиқи он дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз он ҷумла ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ, Леваканд, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳа 22 ноябри соли 2019 оғоз гардида, 30 июни соли 2025 ба анҷом мерасад. Лоиҳаи мазкур асосан аз 3 ҷузъ (компонент) иборат буда, сармоягузории инфрасохтори обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови минтақаҳои интихобгардидаро маблағгузорӣ менамояд. Лоиҳа бо сарпарасти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти соҳаи об ва банақшагирии сармоягузорӣ дар ин самт равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки 11 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ рафта, дар деҳаи Ҳулбеки Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев дар маросими ба истифода додани обанбори «Чилла» ва хатҳои оби нӯшокии он иштирок намуд.
Нақшаи обтаъминкунии «Чилла» барои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партови 4 ҷамоат — ба номи М.Вайсов, Гулистон, А.Авазов ва М.Маҳмадалиев, инчунин 14 деҳа- Навкорам, Даҳаначиён, Зафаробод, Истиқлол, Охҷари боло, Гулгашт, Шӯрқишлоқ, Селбур, Охҷар, Туғай, Чорводорон, Гулистон, Меҳробод ва Файзобод равон гардидааст. Инчунин дар доираи татбиқи амалӣ гардонидани сохтмони иншоотҳои санитарӣ — беҳдоштӣ дар ин иншоот, 6 адад ҳочатхона дар мактаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 адад ҳоҷатхона дар бунгоҳҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Восеъ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 24 шартномаи пудратӣ баста шуда, ки дар асоси қарордодҳои баимзорасида дар панҷ нақшаи обтаъминкунӣ: Тосқала (7-деҳа, 1901-хоҷагӣ ва 19852-аҳолӣ), Чилла (14-деҳа, 4799-хоҷагӣ ва 43973- аҳолӣ), Ҷавонӣ (3-деҳа, 1070-хоҷагӣ ва 10707-аҳолӣ), Гултеппа (11-деҳа, 2537-хоҷагӣ ва 21176-аҳолӣ) ва Пушёни миёна (5-деҳа, 963-хоҷагӣ ва 7614-аҳолӣ) корҳои сохтмонии назаррас ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, аз рўи нақшаи обтаъминкунӣ дар Тосқалъа, Чилла ва Ҷавонӣ корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, насбу васли обчекунаҳо мувофиқ ба нақша бо маром иҷро гардида истодаанд.
Дар нақшаи обтаъминкунии Гултеппа ва Пушёни Миёна низ корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик васлу насби обченкунакҳо оғоз мегардад.
Давлаталӣ Саид бо гурӯҳи ҳамроҳонаш зимни мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Гулгашт бо истифодабарандагони об ва кормандони корхонаи давлатии фаръии «Таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партови ноҳияи Восеъ» мулоқот намуд.
Дар мулоқот аҳли деҳа миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои лоиҳаи амалигардида расониданд.
Сокинон иброз доштанд, ки солҳост, ки дар орзуи таъмин оби нўшокии босифат буданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ин орзуи онҳо ҷомаи амал пўшид, ки акнун онҳо метавонанд бисёр корҳои хоҷагиро бо осонӣ ба анҷом расонанд.
Инчунин гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Меҳробод, ки дар ин ҷо дарёи Ёхсу ва Қизилсӯ якҷоя мешаванд, боздид ба амал овард.
Масъулин иттилоъ доданд, ки барқарорсозии садди тарафи чапи дарёи Қизилсу қитъаи сари Парон бо дарозии 581 метр ва қитъаи резиши дарёи Ёхсу ва Қизилсӯ бо дарозии 444 метр амалӣ карда шудаанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»






