Соли 2022 дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 27 фиристандаи гуногуниқтидори рақамӣ насб ва ба истифода дода шуд

Февраль 9, 2023 09:47

ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 27 фиристандаи гуногуниқтидори рақамӣ насб ва ба истифода дода шуд. Дар ин хусус 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Ин таҷҳизоти рақамӣ дар доираи татбиқи марҳилаи 3-юми Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 дар маҳаллаҳои Айвоҷ ва Искраи ноҳияи Шаҳритус, Басмандаи ноҳияи Деваштич, Понғози ноҳияи Ашт, Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Тавдем ва Тусёни ноҳияи Роштқалъа ва дигар ноҳияҳо насб гардиданд»,-гуфт Нуриддин Саид.

Ба гуфтаи мавсуф, дар айни замон марҳилаи 3-юми барномаи мазкур барои солҳои 2020-2024 пурра амалӣ гардида, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 81,26 фоиз расонида шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи телевизион ва радио корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

«Аз ҷумла, дар самти табодули таҷриба, навор, истеҳсоли филмҳо ва дастрасии дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ бо сохторҳои марбутаи Арабистони Саудӣ, Фаронса ва Малайзия масъалаи ҳамкорӣ баррасӣ мешавад», — иброз дошт Раиси Кумитаи телевизион ва радио.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон Кумита бо якчанд давлатҳои дигар дар соҳаи телевизион ва радио ҳамкорӣ менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2023 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд