Соли 2022 дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 27 фиристандаи гуногуниқтидори рақамӣ насб ва ба истифода дода шуд

Февраль 9, 2023 09:47

ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 27 фиристандаи гуногуниқтидори рақамӣ насб ва ба истифода дода шуд. Дар ин хусус 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Ин таҷҳизоти рақамӣ дар доираи татбиқи марҳилаи 3-юми Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 дар маҳаллаҳои Айвоҷ ва Искраи ноҳияи Шаҳритус, Басмандаи ноҳияи Деваштич, Понғози ноҳияи Ашт, Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Тавдем ва Тусёни ноҳияи Роштқалъа ва дигар ноҳияҳо насб гардиданд»,-гуфт Нуриддин Саид.

Ба гуфтаи мавсуф, дар айни замон марҳилаи 3-юми барномаи мазкур барои солҳои 2020-2024 пурра амалӣ гардида, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 81,26 фоиз расонида шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи телевизион ва радио корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.

«Аз ҷумла, дар самти табодули таҷриба, навор, истеҳсоли филмҳо ва дастрасии дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ бо сохторҳои марбутаи Арабистони Саудӣ, Фаронса ва Малайзия масъалаи ҳамкорӣ баррасӣ мешавад», — иброз дошт Раиси Кумитаи телевизион ва радио.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон Кумита бо якчанд давлатҳои дигар дар соҳаи телевизион ва радио ҳамкорӣ менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2023 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМ, ТОБИСТОН! Корҳои омодагӣ барои ташкили истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон дар соли 2023 оғоз гардиданд
1 АПРЕЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРАНДАГОН. Имсол саъба парандаи соли 2023 интихоб гардид
Дар Восеъ оид ба усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷаласа доир шуд
Тоҷикистонро дар моҳи дуюми фасли баҳор чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Бадахшон барои омодагӣ ба маъракаи кишти баҳорӣ ба масъулин супориш дода шуд
«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ташхиси ройгон фаро гирифта мешаванд
Дар Агентии хизмати давлатӣ вобаста ба ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе масъалаи ҳамкории фарогир байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
«МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШД». Дар Душанбе ҷилдҳои 4 ва 5-и китоб муаррифӣ гардид
ХУШХАБАР! Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистонро давлати аз вараҷа озод эътироф кард
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ҳамоиш доир намуд
Ба сокинони аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумакҳо расиданд