Соли 2022 дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ ба рушди соҳаи иҷтимоӣ беш аз 2,1 миллион сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ ба рушди соҳаи иҷтимоӣ беш аз 2,1 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин бора сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки соли 2022 мабалағгузорӣ ба рушди соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи вилоят 86.2 фоизи маблағҳои буҷетӣ ё худ 2116.6 миллион сомониро ташкил дод.
Соли 2022 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои корҳои омодагӣ ба давраи зимистон ба соҳаи маориф 10.9 миллион сомонӣ ва соҳаи фарҳанг 1.5 милион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин аз 102 то 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо дарназардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 2454.6 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 99 фоизи нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят мебошад.
АКС: Сарраёсати молияи вилояти Хатлон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






