Соли равон дар ошёнаҳои якуму дуюми биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе 45 муассисаи томактабӣ таъсис дода мешавад

Февраль 25, 2023 15:40

ДУШАНБЕ, 25.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ошёнаҳои якуму дуюми биноҳои баландошёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе 45 муассисаи томактабӣ барои беш аз 7690 ҷой таъсис дода мешавад. Дар ин самт корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Ин матлаб зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъкид  гардид.

Ҳамзамон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки аз  ҳисоби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт сохтмони 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6080 ҷой ҷараён дорад.

Инчунин аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2400 ҷой, аз ҳисоби мақомот навсозии 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 27 ҳазору 232 ҷой идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2023 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид