Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза бо панҷ пасларза ба амал омад
ДУШАНБЕ, 23.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки паси он 5 пасларзаи дигар ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар 66-ум километри ҷанубу ғарби Мурғоб воқеъ буд. Дар ин хусус Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дод.
Заминларза соати 05:37 дақиқаи субҳ дар умқи 20 километр бо қувваи 6,8 дараҷа ба амал омадааст.
Пасларзаи аввал соати 05:55 дақиқа 82 км дур аз Мурғоб дар умқи 60 км бо қувваи 5 дараҷа ба қайд гирифта шуд.
Такони дуюм бо қувваи 4,6 дараҷа соати 06:06 дақиқа 104 киллометр дур аз Мурғоб дар умқи 10 км рух дод.
Пасларзаи сеюм соати 06:35 дақиқа 65 киллометр дур аз Мурғоб дар умқи 18 км ба қайд гирифта шудааст. Қувваи он 4,9 дараҷа мебошад.
Паслазраи чорум соати 07:07 дақиқа 58 киллометр дур аз Мурғоб ба амал омада, қувваи он 4,8 дараҷаро ташкил дод.
Панҷум пасларза соати 07:18 дақиқа 54 киллометр дур аз Мурғоб дар умқи 60 км ба амал омада, қувваи он 4,7 дараҷа буд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






