ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, панҷшанбе, 47-умин рӯзи соли 2023
16 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
***
16 феврали соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе семинари серӯзаи Тоҷикистону Кувайт оид ба масъалаҳои рушди туризми байналмилалӣ шуруъ шуд.
16 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии идоракунии иттилоот.
***
Рӯзи барқарорсозии давлати Литва.
РӮЙДОДҲО:
16 феврали соли 2005 Ҷамъияти саҳомии муштараки Русия ва Тоҷикистон — Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» таъсис ёфт.
***
16 феврали соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барои мубориза бо терроризмро, ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатҳои аъзои созмон мебошад, ба тасвиб расонид.
***
16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.
***
16 феврали соли 1992 дар раъйпурсии Швейтсария аксарияти аҳолӣ бар зидди манъи истифодаи ҳайвонҳо барои таҷрибаи тиббӣ овоз доданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1903 аввалин маротиба барои пурра кардани дандонҳо фарфор истифода бурда шуд.
***
Соли 1968 аввалин маротиба дар таърихи истифодаи телефон рақами хадамоти кумакрасонии фавқулода – 911 ба истифода дода шуд.