ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, ҷумъа, 55-умин рӯзи соли 2023 аст
24 феврали соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ»-ро имзо намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 Қонун «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар робита ба қонунигардонии маблағҳои муайян аз ҷониби онҳо» қабул гардид.
***
24 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд.
24 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Эстония – Рӯзи истиқлол.
***
Дар Мексика – Рӯзи парчам.
РӮЙДОДҲО:
Барои бунёди боғи нави «Наврӯзгоҳ» дар шаҳри Душанбе санги асос гузошта шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд шуъбаи нави Маркази илм ва фарҳанги Русия ифтитоҳ гардид.
***
24 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳомид Маҳмудов- соли 1900 — бунёдгузори театри миллии тоҷик.
Талбак Салимов- соли 1960 – доктори илми техникӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Лоҳутӣ.