ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, шанбе, 56-умин рӯзи соли 2023 аст
25 феврали соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди «Боғи 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» дар шаҳри Ҳисор оғози расмӣ бахшиданд.
***
Дар ҳамин рўзи соли 2015 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки тибқи он ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.
***
25 феврали соли 2016 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфт.
25 ФЕВРАЛ:
Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
***
Дар Кувайт – Рӯзи миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе ба шаҳрванди 8- миллионумини Тоҷикистон — Сумая хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа намуд.
***
25 феврали соли 2020 ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмўӣ барои модар ва кўдак» дар Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рўзи соли 2022 дар Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Бозор Тилавов — соли 1932 — доктори илмҳои филология.
Исматулло Ибодов — соли 1952 — рӯзноманигор.