Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Туркия ба 17 674 нафар расид
ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони заминларза дар Туркия то ба 17 674 нафар расида, 72 879 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ин маълумоти навшударо рӯзи чоршанбе ноиби президенти Туркия Фуат Октай тавассути телевизиони маҳаллӣ хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Мутаассифона, мо маҷбурем, ки оид ба афзоиши шумораи ҳалокшудагон гузориш диҳем. Ҳоло онҳо 17 674 нафарро ташкил медиҳанд. 72 879 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта аз зери харобаҳо тавонистанд 121 нафарро наҷот диҳанд», — баён дошт ӯ.
Ноиби президент Октай Фуат иброз дошт, ки дар музофоти Килис ва Шанлиурфа аллакай амалиёти кофтуковӣ ва наҷотдиҳӣ ба анҷом расидаанд.
«Дар музофоти Диёрбоқир, Одона ва Усмониё корҳои наҷотдиҳӣ асосан ба итмом расидаанд. Дар дигар вилоятҳои аз заминларза зарардида кӯшиши наҷот додани одамон дар биноҳои харобшуда идома дорад. Дар маҷмӯъ, дар ин кор беш аз 120 ҳазор нафар иштирок доранд. Бевосита дар ҷойҳои харобшуда 29,6 ҳазор нафар мутахассисон монеаҳоро бартараф мекунанд», — иттилоъ дод ноиби президент.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






