Телевизиони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис меёбад

Февраль 25, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 25.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон телевизиони донишгоҳ таъсис меёбад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои телевизион оғоз гардидаанд. Ин матлаб зимни вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо  ҳайати устодону кормандони факултети журналистика таъкид карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Бо пешниҳоди роҳбарияти донишгоҳ дар сатҳи факултет журнали илмии «Журналистика» таъсис дода шуда, дар он мақолаҳои илмии устодони соҳибқалам, ки дар конференсияҳо маъруза мекунанд, нашр карда мешаванд.

Зимни вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавридӣ барасӣ қарор гирифта, иброз гардид, ки фаъолияти тамоми сохторҳои факултет таҷдиди назар гардида, корро дар ҳамаи самтҳо ҷоннок намудан зарур аст.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Февраль 25, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид