«Тоҷикфилм» дар соли 2023 10 филм таҳия карда, ба навор мебардорад
ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба нақша гирифтааст, ки соли 2023 10 филми нав таҳия ва ба навор бардорад. Ин матлаб имрӯз зимни нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баён гардид.
Ба гуфти масъулин, дар байни ин филмҳо 2 филми ҳунарии пурра, 2 филми ҳунарии кӯтоҳ, 4 филми мустанад ва 2 филми тасвирӣ мебошанд.
«Тоҷикфилм» нақша дорад, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо филмбардорони узбек таҳия ва наворбардории филми ҳунарии муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ»-ро оғоз намояд. Инчунин бо «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» таҳия ва омода кардани филми тасвирии «Бабри барфӣ» ва бо Корхонаи воҳиди «Киностудияи миллии «Беларусфилм» филми ҳунарии «Норак»-ро коркард ва таҳияи намояд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд, ки рушди минбаъдаи кинои миллиро муайян ва таъмин менамояд.
«Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» масоили муҳими соҳа, аз қабили тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи мамлакат, таъмини соҳаи кино бо техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи нави муосир, таҳкими заминаи моддию иқтисодӣ ва ҷалби тамошобинро ба кино фаро гирифта, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ҷиҳати истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи кинои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ва муаррифии кинои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






