Тоҷикистон соли 2022 ба маблағи зиёда аз 2 миллиард доллар маҳсулот содирот намудааст

Февраль 14, 2023 14:33

ДУШАНБЕ, 14.02.2023  /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли 2022 ба  хориҷи мамлакат ба маблағи 2 миллиарду 142 миллион  доллар маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2021 7,6 миллион доллар кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.

Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ 2 миллиарду 88 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 миллион доллар ё 1,2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Соли 2022  66,7 ҳазор тонна пиёз ба маблағи 6769,1 ҳазор доллар содирот гардида, нисбат ба соли гузашта 29,2 ҳазор тонна кам мебошад. Дар айни замон содироти пиёз муваққатан манъ карда шудааст.

Бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ Агентии содирот дар оянда нақша дорад, ки дар Ҷумҳурии Туркия, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон Хонаи савдои Тоҷикистон  таъсис диҳад.

Гуфта шуд, ки бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ дар айни замон Агентии содирот бо корхонаҳои бузурги содироткунанда ҳамкорӣ намуда, нақша дорад, ки маводи таблиғотӣ ва маҳсулоти содиротии корхонаҳои мазкурро дар сомонаи Агентӣ ҷойгир намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва истеҳсолкунандагону содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати сари вақт баррасӣ намудани дархостҳои харидорони хориҷии боэътимод тавасути сомона  роҳандозӣ намояд.

Инчунин дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 110 мамлакат, аз ҷумла бо 10 мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 100 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ ба роҳ монда, аз ҷумла ба 52 давлат маҳсулот содирот кардааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2023 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд