Тоҷикистон ва Русия фонди сармоягузорӣ таъсис медиҳанд
ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ба нақша гирифта шудааст. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия, хусусан масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорати иқтисоди Федератсияи Русия баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрии дуҷониба буд.
Ҷонибҳо ҳамчунин барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






