Тоҷикистон ва Русия фонди сармоягузорӣ таъсис медиҳанд

Февраль 7, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории  Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ба нақша гирифта шудааст. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия, хусусан масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти вазорати  иқтисоди Федератсияи Русия баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрии дуҷониба буд.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ изҳори  омодагӣ намуданд.

 АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд